23 апрели соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи “Саммити экологии минтақавӣ 2026” панел сессия дар мавзӯи “Аз пешниҳод то модернизатсия: нақши Бюрои беҳтарин технологияҳои дастрас дар декарбонизатсияи саноатӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ширкат варзида, бо як қатор лоиҳаҳои муосир, ҳушманд ва сабз шинос шуданд.
Иштирок дар ин чорабинӣ имконият фароҳам овард, ки таҷрибаи пешрафта ва ҳалли навоваронаи кишварҳои гуногун дар самти идоракунии устувори муҳити зист мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирад.


Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte