Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ дастгирӣ мекунад

25 октябри соли 2023 Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории лоиҳаи нав дар Тоҷикистон «Миллати солим»-ро ба маблағи 57,25 миллион доллар тасдиқ кард.

Лоиҳаи «Миллати солим» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навсозии системаи тандурустӣ, аз ҷумла тавассути рақамисозии ҷараёни иттилоот дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҷорӣ намудани ислоҳот дар соҳаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва роҳҳои нави пардохти музди меҳнат мусоидат хоҳад кард.

Бо роҳбарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Сарраёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Бонки ҷаҳонӣ ва корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» барои амалӣ намудани лоињаи мазкур дар шањри Душанбе корҳо идома доранд, ки лоињаи «eTib» метавонад ба он њамгиро карда шавадшавад.

Лоиҳаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» – «eTib» ҳамчунин пешниҳоди хизматрасонии босифати ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, таҳкими системаҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва мустаҳкам намудани захираҳои кадриро дар бар мегирад.

Лоиҳаи пешниҳодшуда ба ҳадафи умумии «Стратегияи тандурустии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030»-и ба наздикӣ қабул шудааст, таъмини дастрасии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба хизматрасонии тиббии босифат тавассути идоракунии самаранок, маблағгузории устувор, таъмини қувваи корӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ мусоидат ва дастгирӣ хоҳад кард.

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top