Мулоқоти муовини раиси шаҳри Душанбе бо мушовири оид ба масъалаҳои савдо ва иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш.Душанбе. 24.10.2023. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Мушовир оид ба масъалаҳои савдо ва иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» Фарҳод Бобоев ва директори МД «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу пулҳои шаҳри Душанбе» Раҳимзода Муҳаммадусуф иштирок намуданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар лоиҳаҳои сохтмони роҳ дар шаҳри Душанбе ва лоиҳаи Маркази коркарди маълумотро баррасӣ карданд.

Қайд гардид, ки тадбиқи Маркази коркарди маълумот мувофиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, эътимоднокии иттилоотро барои муддати тӯлонӣ кафолат медиҳад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ саҳми Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таҳкими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳри Душанбе назаррас арзёбӣ гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top