17 марти соли 2026 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” вохӯрии роҳбарияти корхона бо намояндагони Бонки Авруосиёгии рушд баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи таҳияи низоми идоракунии мутамарказ дар асоси модели рақамии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин лоиҳа ҳадаф дорад, ки самаранокии идоракунии инфрасохтори шаҳриро баланд бардошта, ба рушди устувори рақамӣ ва беҳтарсозии хизматрасониҳои шаҳрӣ мусоидат намояд.
Ҷонибҳо дар фазои созанда ва ҳамкории самаранок мулоқот намуда, омодагии худро барои вохӯрии оянда ба нақша гирифтанд ва изҳор доштанд, ки дар самти густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои нав оид ба рақамисозии пойтахт ҳамкорӣ хоҳанд кард.


Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte