29 августи соли 2023 вохӯрии директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ лоиҳаҳои КВД «Шаҳри ҳушманд», ки ба табдили рақамии соҳаи сайёҳӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии иншоотҳои инфрасохторӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон мусоидат мекунанд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаи «Истгоҳҳои ҳушманд» дода шуд, ки дар доираи он насб кардани тахтаи электронӣ бо сабти маълумот дар бораи ҷадвали ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷойҳои ҷолибу дидании пойтахт ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон лоиҳаи «Харитаи электронӣ»-и шаҳри Душанбе баррасӣ гардид, ки дар он маълумот дар бораи инфрасохтори шаҳрӣ, роҳҳо ва марзҳо бо нишон додани мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.
Ҷонибҳо нияти рушди муносибатҳои дуҷонибаро ҷиҳати амалишавии лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи сайёҳӣ изҳор намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед