Санаи 4 ноябри соли 2020 бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе, КВД «Шаҳри ҳушманд» ва Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд видеоконфронс оид ба татбиқи Барномаи «Шаҳри сабз» баргузор гардид.

Тибқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Барномаи амалисозии лоиҳаи “Шаҳри сабз”- барои муайян намудани мушкилоти афзалиятноки экологӣ ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе оғоз гардид. Ҳадафи Барномаи “Шаҳри сабз” (аз ҷумла сармоягузории сабз) муносибати муназам ва маҷмӯиро дар ҳалли тағирёбии иқлим ва муҳити зист, инчунин маблағгузори дар инфрасохтори устувор пешбини гардидасст.

Ҷаласаи аввал дар шакли видеоконфронс бо сабаби маҳдудиятҳои бемории сироятии COVID-19 баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» ва инчунин гуруҳи мушовирони (Барномаи Амалисозии шаҳри Сабз) , иборат аз ширкатҳо ба монанди AECOM, Urbanlogic ва ARPA ширкат варзиданд. Ҳафтаҳои оянда барои самаранок ба роҳ мондани раванди ҷалби ҷонибҳои манфиатдор бо мақсади саҳми онҳо дар рушди (Барномаи Амалисозии шаҳри Сабз) нақши муҳим хоҳанд дошт.

Барномаи Амалисозии “Шаҳри Сабз” сахми худро дар саъю кушишҳои Роҳбарияти шаҳри Душанбе баҳри боз ҳам устувории шаҳри сабз дастгирӣ хоҳад намуд.

Барномаи “Шаҳрҳои сабз”-и Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд кушиши бунёди рушди ояндасози шаҳри Душанбе ва сокинони он талош меварзад.
Маълумотимоти бештар дар сомонаи: www.ebrdgreencities.com

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе хиёбони
Рудаки 80
Телефон: (992 37) 2232076
Факс: (992 37) 233206
Почтаи Эл: Dushanbe80@yahoo.com
Cомона: www.Dushanbe.tj

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе кучаи М. Турсунзода 45
Телефон (992 37) 2274745
Факс: (992 37) 2274745
Почтаи Эл: info@dsc.tj
Сомона: www.smartcity.tj

Мушовирон:

Обуна шавед Viber

Обуна шавед Telegram

Илова кунед

scroll to top