ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ МАРКАЗИ ЧИНИИ ИНТИҚОЛИ ТЕХНОЛОГИЯ

ш.Душанбе, 19.09.2023. Имрӯз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал бо Директори генералии Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Ҷао Ҷунюан мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе роҳандозии робитаҳоро дар соҳаҳои фанноварӣ, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи идораи шаҳрӣ, тадбиқи лоиҳаҳои муштарак ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавиро таъкид намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат Ҷао Ҷунюан оид ба ифтитоҳи намояндагии Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд.

Ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top