БОЗДИД АЗ МАКТАБИ МАХСУСИ №60-И ШАҲРИ ТОШКАНД

19 сентябри соли равон гурӯҳи кории шаҳри Душанбе дар доираи сафари кории худ ба пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз муассисаи таҳсилоти умумии махсуси №60-и шаҳри Тошканд боздид намуданд. Муассисаи таълимии мазкур дар ноҳияи Мирободи пойтахти Ӯзбекистон ҷойгир буда, соли 1917 ба сифати мактаби махсуси роҳи оҳан таъсис дода шудааст. Соли 1963 ин муассиса ба мактаби махсусгардонидашудаи омӯзиши амиқи забони олмонӣ табдил дода шудааст. Моҳи декабри соли 1996 мактаби №60 мақоми мактаби тахассусиро дар сатҳи байналмилалӣ гирифт. Аз он вақт инҷониб, дар мактаб дарсҳо барои омода кардани хонандагони синфҳои болоӣ барои супоридани имтиҳон барои гирифтани дипломи байналмилалии Олмон мунтазам доир мегарданд.

Имрӯз дар муассисаи мазкур зиёда аз 2500 хонанда таълим мегиранд. Мактаби №60 бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муассисаҳои хориҷӣ робитаи мутақобила дошта, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати 22-нафарии шаҳри Душанбе бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 18 сентябри соли равон бо даъвати ҷониби тошкандӣ бо мақсади табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои ҳасанаи мутақобила вориди пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд. Бояд, гуфти ки сафари гурӯҳи корӣ дар дар доираи шартномаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ҷиҳати гузариш ба рақамикунонии пурраи соҳаи маорифи шаҳри Душанбе амалӣ гардида, то 22 сентябр идома хоҳад кард. Ҳайати мазкур аз сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва мутахассисону директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки дар татбиқи барномаи «eDonish» фаъолияти назаррас доранд, иборат мебошад.

САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top