Вохӯрӣ бо роҳбари Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай

19 сентябри соли 2023 дар Маркази тадбиқи лоиҳаҳои “Шаҳри ҳушманд” директори Корхонаи воҳиди давлатии шаҳри ҳушманд (Smart city) Саъдӣ Самадзод бо Директори генералии маркази чинии интиқоли технологияи Созмони ҳамкории Шанхай Ҷао Ҷунюан , мулоқот анҷом доданд.

Дар оғози мулоқот директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Саъдӣ Самадзод ташрифи меҳмонро ба пойтахти Ҷумҳури Тоҷикистон-шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, мулоқоти имрӯзаро имкони мусоид баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба баён доштанд.

Дар рафти вохӯрӣ дастовардҳои шаҳри Душанбе дар татбиқи «лоиҳаҳои ҳушманд» бо истифода аз технологияҳои навтарин дар соҳаҳои мухталиф аз ҷумла: рақамикунонии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, барномаи «еДониш», «eTib ” дар соҳаи тандурустӣ ва IT-парк, инчунин навори видеои оид ба фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» намоиш дода шуд.

Ҷаноби Ҷао Ҷунюан барои истиқболи самимӣ ва имконияти муҳокимаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори сипос карда, фазои мусоиди ҳамкориро дар Тоҷикистонро диққатҷалбкунанда баҳогузорӣ намуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории гуногунҷанба, тақвияти корҳо дар самти фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди ҳамкорӣ ва ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкории мутақобиларо иброз доштанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top