11 марти соли 2021 дар идораи кории Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд Smart City”– и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохурии директор Саъдӣ Самадзод бо намояндагони намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар доираи татбиқи лоиҳаҳои “Шаҳри ҳушманд», ки ба рушди инфрасохтори шаҳрӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот як қатор лоиҳаҳо баррасӣ шуданд, ки ҷонибҳо метавонанд дар оянда ҳамкорӣ намоянд.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед