Рӯзи 12 марти соли 2021 вохурии муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Бобоев Ф.Р. бо гуруҳи кории ЮНИСЕФ дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои дустиву якдигарфаҳмӣ баргузор гардида дар доираи он густариши ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар робита ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳо оиди татбиқи лоиҳаи “eDonish” дар соҳаи маориф манзур гардиданд.
Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо омодагии худро барои истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар татбиқи лоиҳаи болозикр изҳор намуданд.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед