Баргузории вохӯрӣ вобаста ба дастовардҳои занону ҷавонон бо кормандони КВД «Шаҳри ҳушманд»

1-уми ноябри соли 2025, дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрӣ вобаста ба дастовардҳои занону ҷавонон бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе – Маҳмашарифзода Дилрабо, мудири бахши тарбияи ватандустии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе – Аслам Хушватов ва кормандони корхона баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин доир ба дастовардҳои занонубонувон дар даврони сооҳибистиқлолӣ, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии хурофот ва фарҳанги бегона дар байни занону ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дар ин замина суҳбат намуд.

Иброз гардид, ки занону духтарони мо, ки болоравии сатҳи зиндагӣ ва маънавиёти оила аз онҳо вобастагии зиёд дорад, бояд аз ин имкониятҳо истифода бурда, ҳунар омӯзанд ва ба фарзандон низ дар омӯзиши касбу ҳунар кӯмак расонанд.

Ҳамзамон, вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз, ба хусус пешгирии ифротгароӣ ва таҳдидҳои замони муосир, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату миллат, тарғиби донишандӯзӣ миёни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуданд.

Қайд гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои боло бурдани сатҳи маърифатӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷавонон, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватанпарварии онҳо нақши муҳим дорад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top