Аз 19 то 25 сентябри соли 2025, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, гурӯҳи иборат аз 25 нафар мутахассисони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ва кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд” бо мақсади мубодилаи таҷриба ва омӯзиши низоми маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд сафарбар гардиданд.
Ин сафар дар доираи ташаббусҳои рушди барномаи электронии “eDonish” ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф амалӣ гардида, ҳадафи асосии он шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами ҳамсоякишвар дар самти рақамикунонии маориф мебошад.
Дар рӯзи аввали сафари корӣ — 19 сентябр, ҳайати мутахассисон аз бинои IT Park-и шаҳри Тошканд боздид намуда, бо имкониятҳои технологӣ ва лоиҳаҳои инноватсионии марбут ба соҳаи маориф шинос шуданд.
Дар рӯзҳои минбаъда, иштирокчиён бо муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Тошканд шиносоӣ хоҳанд кард. Дар доираи ин боздидҳо, омӯзиши таҷрибаи татбиқи рӯзнома ва журнали синфии электронӣ дар асоси барномаи «еМаktab» пешбинӣ гардидааст. Ин барнома яке аз намунаҳои муваффақи рақамикунонии раванди таълим дар Ӯзбекистон маҳсуб ёфта, шиносоӣ бо он барои такмили барномаи “eDonish” дар Тоҷикистон аҳамияти хос дорад.
Ин сафар заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи таҷрибаи муфид дар низоми маорифи кишвар хоҳад шуд.








Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte