СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ҲОКИМИЯТИ МАҲАЛЛӢ ВА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

ш.Душанбе. 04.04.2023. Имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ барои роҳбарони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ доир гардид.

Семинар бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи авруосиёии Ташкилоти умумиҷаҳонии “Шаҳрҳои муттаҳида ва њокимиятҳои маҳаллӣ” созмон дода шуда, ба мавзӯи “Мақомоти маҳаллӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор” бахшида шуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва Дабири кулли шуъбаи авруосиёии Ташкилоти умумиҷаҳонии “Шаҳрҳои муттаҳида ва њокимиятҳои маҳаллӣ” ҷаноби Р.Қ. Сагитов дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ роҷеъ ба нақши шаҳри Душанбе дар таҳким ва рушди муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд миёни шаҳрҳо, ҳамчунин фароҳам овардани шароит барои муколама байни шаҳрҳои тамоми ҷаҳон дар чаҳорчӯбаи ташкилот маълумот доданд.

Семинари омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисону коршиносони шуъбаи авруосиёии Ташкилоти умумиҷаҳонии “Шаҳрҳои муттаҳида ва њокимиятҳои маҳаллӣ” гузаронида шуд.

Тавре зикр гардид, шаҳри Душанбе аз соли 2006 ба узвияти Ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ» пазируфта шудааст ва дар ин давра барои роҳандозӣ, таҳким ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни шаҳрҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҳамкориҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ тамоми имконият ва шароитҳои лозимаро фароҳам овардааст.

Имрўз 240 шаҳри ҷаҳон аъзои Ташкилот буда, онҳо дар 7 маркази минтақавӣ гирд оварда шудаанд ва шаҳри Душанбе ба қароргоҳи минтақаи авруосиёӣ, ки дар шаҳри Қазон мустақар аст, шомил мебошад.

Дар ҷараёни кори семинар, ки дар шакли пурсишу посух сурат гирифт, масъалаҳои марбут ба рушди устувори шаҳрҳо дар давраи то соли 2030, маҳаллисозии ҳадафҳо, принсипҳои асосии ва шарҳи онҳо, ҳадафи 11 “Шаҳрҳои устувор ва маҳаллҳои истиқоматӣ”, иқлим ва ҳадафҳо, асосҳои банақшагирии лоиҳаҳои рушди шаҳрсозӣ бо инобати ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои рушди шаҳрсозӣ, корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ва мониторинги татбиқи ҳадафҳо ва шарҳҳои миллӣ, субмиллӣ ва маҳаллӣ машқҳои интерактивӣ гузаронида шуданд.

Дар ҷамъмбасти кори семинар иштирокчиёни он бо шаҳодатнома (сертификат) қадрдонӣ гардиданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top