ВУСЪАТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ҶИҲАТИ РАҚАМИКУНОНИИ ПУРРАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ: ОҒОЗИ САФАРИ ҲАЙАТИ КОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ШАҲРИ ТОШКАНД

Бо даъвати ҷониби шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҳайати 22 нафараи пойтахт имрӯз бо сафари корӣ вориди ин шаҳр шуд.

Гуруҳи корӣ бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи шартномаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ҷиҳати гузариш ба рақамикунонии пурраи соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои табодули таҷриба сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, директори Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ва мутахассисону директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки дар татбиқи барномаи “eDonish”фаъолияти назаррас доранд, аз санаи 18 то 22 сентябри соли 2023 ба сафари хизматӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафарбар гардиданд.

Зимни сафар ҳайати корӣ аз имконияту шароити муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи маорифи Тошканд дидан менамоянд.

Суратгузориш аз боздиди ҳайати корӣ аз муассисаи таълимии №110 шаҳри Тошканд

САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top