Иштироки намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» дар ICT Week Uzbekistan 2025

23 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳафтаи ICT Week Uzbekistan 2025 оғоз ёфт — як рӯйдоди сатҳи байналмилалӣ, ки ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Чорабинӣ то 28 сентябр идома меёбад ва дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ширкатҳои пешсафи IT, коршиносон ва навоварон аз кишварҳои гуногун иштирок доранд.

Намояндагони Корхонаи воҳидии давлатии «Шаҳри ҳушмад (Smart city)» — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин чорабинӣ ҳузур доранд. Ҳадафи иштироки онҳо — муаррифии дастовардҳои рақамии шаҳри Душанбе, баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ва шиносоӣ бо таҷрибаҳои муосири ҷаҳонӣ дар соҳаи «Smart City» мебошад.

ICT Week Uzbekistan 2025 форуми тиҷоратӣ, намоишгоҳи ҳалли рақамӣ, сессияҳои мавзӯӣ, пешниҳоди стартапҳо ва муҳокимаҳои панелӣ иборат мебошад. Мавзӯъҳои асосии имсола — зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, шабакаи 5G, рақамисозии инфрасохтори шаҳрӣ ва ташкили муҳити мусоид барои татбиқи навовариҳо дар идоракунии давлатӣ ва иқтисод мебошанд.

Иштироки намояндаи КВД «Шаҳри ҳушманд» дар ин чорабинӣ як иқдоми назаррас ба ҳисоб меравад, ки ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва кашфи роҳҳои нави рушди технологӣ мусоидат мекунад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top