Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Вазири варзиш, Раиси кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, Президенти Риёз-2030 ҷаноби Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал мулоқот намуданд.

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Вазири варзиш, Раиси кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, Президенти Риёз — 2030 ҷаноби Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал, ки ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ба вусъати ҳамкорӣ байни сохторҳои варзишии ду мамлакат, аз ҷумла байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Арабистони Саудӣ, инчунин кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Дар рафти музокирот атрофи масъалаҳои марбут ба баргузории Бозиҳои Олимпии Осиё дар соли 2030 дар Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Иштирокчиёни мулоқот, инчунин ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷчуҳи тарафайн мароқ зоҳир намуданд.

/АМИТ «Ховар»/. Хабар медиҳад.

Обуна шавед Viber

Обуна шавед Telegram

Илова кунед

scroll to top