Ҳамкорӣ бо намояндагии Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санаи 2 декабри соли 2020 мулоқоти Саъдӣ Самадзод -Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»- и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Сабине Олтхоф директори намояндагии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот Саъдӣ Самадзод оид ба самтҳои фаъолияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» аз он ҷумла: татбиқи «Лоиҳаҳои ҳушманд» дар соҳаҳои коркарди партовҳои сахти маишӣ, тандурустӣ, маориф, ҳукумати электронӣ, “Шаҳри сабз” ва Парки инноватсионӣ (IT-Park) маълумот манзур карданд.

Ҷониби олмонӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи пешниҳодҳои зикргардида изҳор намуданд.

Дар хотима ҷонибҳо хоҳиши тарафайнро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ тасдиқ намуданд.

Обуна шавед Viber

Обуна шавед Telegram

Илова кунед

scroll to top