Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо раиси шаҳри Остона Женис Касимбек мулоқот намуданд.

27 август соли 2025 дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Остона Женис Касимбек мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ байни бародаршаҳрҳо ва пойтахтҳои ду давлат – Душанбе ва Остонаро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таваҷҷуҳи махсус ба раванди мусбати ҳамкории дуҷониба дар самти табодули таҷриба дар масъалаҳои рушди устувор, рақамикунонии муҳити шаҳрӣ, таҳкими инфрасохтори нақлиётӣ ва ҳифзи муҳити зист равона гардида, ҳамзамон заминаи мусоид барои густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд” фароҳам оварда шудааст. Дар шаҳри Остона лоиҳаи мазкур ба таври фаъол оғоз гардида, ба нақша гирифта шудааст, ки корхонаҳои соҳаи технологияҳои ҳушманд (Smart) дар доираи ин ташаббус ҳамкориро тақвият бахшида, таҷриба ва навовариҳои худро дар самти идоракунии устувори шаҳрӣ мубодила намоянд.

Инчунин, ба масъалаҳои густариши муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф, технологияҳои муосир, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top