Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 51-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шакли видеоконференсия сурат гирифт, иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат хабар доданд.
Дар ҷараёни кори он як силсила масъалаҳо, аз ҷумла интихоби Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, нақшаи кории Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, рушди парламентаризм, робитаҳои байнипарламентӣ, дастгирии қонунгузории тадбирҳо дар кишварҳои узви ИДМ дар робита бо пандемияи COVID-19, ҳолат ва дурнамои ҳамгироии иқтисодӣ ва дастгирии меъёрии он дар фазои АвруОсиё, омодагӣ ба мушоҳидаи интихобот ба мақомоти ҳукуматӣ дар кишварҳои ИДМ дар соли 2021, ташкили Шӯрои экспертии илм ва маориф дар назди Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, лоиҳаи «Конвенсия дар бораи ҳифзи ҷойҳои мероси фарҳангии давлатҳои аъзои ИДМ», «Кодекси намунавии меҳнат барои давлатҳои аъзои ИДМ», «Кодекси намунавии интихобот барои давлатҳои аъзои ИДМ» ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил алоқаманд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
/АМИТ «Ховар»/. Хабар медиҳад.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед