Ифтитоҳи дафтари кории барномаи электронии “eDonish” дар Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳри Душанбе.

26 ноябри соли 2020 дар бинои Муассисаи давлатии “Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими муаррифии барномаи электронии “eDonish” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар коршиносон ва мутахассисон иштирок намуданд.

Барномаи мазкур тибқи Қарори Раиси шахри Душанбе аз 6 августи соли 2020, №409 “Дар бораи татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” айни замон ҳамчун лоиҳаи таҷрибавӣ дар 5 муассисаи таълимии пойтахт роҳандози гардидааст.

Барномаи “eDonish” хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

Таъсис ва мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтани чунин барномаҳо бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамеша ҷонибдори роҳандозии навовариҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла бо истифода аз фанновариҳои муосири иттилоотӣ, ҷиҳати мусоидат дар баланд бардоштани савияи дониши муҳассилини пойтахт аст.

Обуна шавед Viber

Обуна шавед Telegram

Илова кунед

scroll to top