Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Ватан файзу баракат ва рӯзгори осуда орзу менамоям.
Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад.
Яъне моҳи Рамазон ба пок гардидани ботину қалби инсон мусоидат карда, ӯро аз гуфтору рафтори зишту номатлуб дур месозад.
Дар ин айём, ки моҳи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат мебошад, одамон бояд якдигарро эҳтиром намоянд, аз гуноҳи ҳамдигар гузаранд, ба қадри падару модар, калонсолон, хешу табор ва ҳамсояҳои худ расанд ва фурӯтану хоксор бошанд.
Дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани тоату ибодат ва зоҳир намудани меҳрубониву самимият иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст.
Шахсони парҳезгору хайрхоҳ дар моҳи шарифи Рамазон корҳои савобро бештар анҷом медиҳанд, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷону мусофирон дасти кумаку ёрмандӣ дароз мекунанд.
Омезиш ва пайванди устувори арзишҳои миллӣ ва диниву фарҳангӣ моро ба амалҳои хайру савоб, сарфаю сариштакорӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва тарғиби илму маърифат ҳидоят мекунад.
Паёмбари ислом дар хутбаи худ ба муносибати оғози моҳи шарифи Рамазон аз шахсони сарватманду доро даъват кардааст: “Ба фақирон ва дармондагон кумаку ёрӣ расонед, ба ятимони бепарастор меҳрубониву ғамхорӣ кунед ва умед дошта бошед, ки баъди сари шумо дигарон низ ба ятимони шумо меҳрубонӣ намоянд”.
Расули Худо дар идомаи хутба мефармояд: «Ба ниёзмандон садақа диҳед». Дар ҷавоб баъзе аз асҳоби Паёмбар пурсиданд: «Ҳамаи мо қодир ба додани садақа нестем». Паёмбар дар посух фармуд: «Бигзор садақаи шумо ба андозаи нисфи донаи хурмо ва як ҷуръа об бошад».
Тавре ки мебинем, ин ҳадиси муборак ҷавҳари баланди ахлоқиву иҷтимоӣ дорад. Зеро дар он шахсони ниёзманд махсус зикр шудаанд.
Яъне садақот дар ҳама гуна шакл махсуси табақаҳои ниёзманд мебошад ва бояд ба онҳо дода шавад. Дар сураи “Тавба”-и Қуръони маҷид низ омадааст: – «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва … онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва … барои вомдорон ва … барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо донои дурусткор аст».
Аз ин ояти карима барои мо комилан равшан мешавад, ки тамоми намуди хайру эҳсон ва дастгириву кумак бояд мувофиқи таъиноти диниву иҷтимоӣ сарф карда шаванд, яъне ба ниёзмандон дода шаванд.
Анҷом додани амалҳои неку писандида ва ба муҳтоҷон дароз кардани дасти саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартаба, ном ва эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки барои ба даст овардани ризои Худованд, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ, оростани маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ волотарин арзишҳо дар дини мубини ислом ба шумор мераванд.
Ҳамватанони азиз!
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ, яъне вабо моро водор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем ва нагузорем, ки ин бемории хатарнок дар миёни ҷомеаи мо пайдо шуда, саломатӣ ва ҳаёти одамонро дар хатар гузорад.
Ҳарчанд дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки мо ғофилу бепарво бошем. Имрӯз тамоми ҷаҳонро ин вабо ба ташвишу нигаронии сахт гирифтор кардааст. Ҳатто дар кишварҳои пешрафта, бо вуҷуди тадбирҳои зиёди амалигардида, шиддати он паст нагардида истодааст.
Корхонаҳои азиму пуриқтидор дар аксари давлатҳои олам аз кор мондаанд ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ҳамаи мамлакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони моро таҳти таъсир қарор додааст.
Дар чунин шароит ва хусусан, дар ин моҳи муборак моро зарур аст, ки ба қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бештар диққат диҳем, барои ҳифзи саломатии худамон, аъзои хонавода ва аҳли ҷомеа талош варзем.
Ба андешаи мутахассисон риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии ин беморӣ мебошад ва ин талабот дар сарчашмаҳои шариати ислом низ борҳо таъкид шудааст. Чунончи, пайғамбари ислом дар ҳадиси худ мефармояд: – “Покизагӣ нисфи имон аст”.
Пайғамбари гиромӣ, ҳамчунин, фармудааст: – “Ҳангоме ки дар бораи паҳн гаштани бемории сирояткунанда дар сарзамине хабардор шудед, ба он сарзамин дохил нашавед. Аммо агар дар сарзамине бошед, ки дар он ҷо марази сирояткунанда хуруҷ кардааст, пас аз он сарзамин берун наравед!”
Дар ҷойи дигар ба ин маънӣ гуфтааст: – «Инсон худ ва дигаронро аз хатарҳои ногаҳонӣ эҳтиёт намояд ва аз бемориҳое, ки хусусияти сироятӣ доранд, барҳазар созад».
Бовар дорам, ки мардуми таҳаммулгарои мо ин мушкилотро низ бо сабру тамкин паси сар карда, ба заҳмати софдилона машғул мешаванд, ҳар як ваҷаб заминро, ки ризқу рӯзии аҳли оила ва мардум аст, самаранок истифода менамоянд ва ба хотири фаровонии дастархони хеш сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.
Ман андешаҳои худро доир ба ин масъалаҳо дар суханрониҳоям дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати мамлакат ва иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 16 ва 17 апрел муфассал баён доштам.
Ҳоло бори дигар ба ҳамватанони азизам хотирнишон месозам, ки моҳи Рамазони имсола, илова ба бемории хатарноки коронавирус, ба давраи авҷи кишту кори баҳорӣ ва ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ баробар омад.
Бинобар ин, мо бояд мувофиқи шароит амал кунем ва пеш аз ҳама, дар фикри саломатии худ ва аҳли хонадон бошем.
Возеҳу равшан аст, ки тибқи таълимоти дини мубини ислом саломатии инсон ва ҳифзи ҳаёти одамон аз тамоми фаризаҳои дигар болотар аст. Ин масъала дар сарчашмаҳои муътабари фиқҳӣ борҳо ва батафсил зикр шудааст.
Яъне мо набояд дидаву дониста, дар натиҷаи нанӯшидани об ва нахӯрдани хӯрок, ки хусусан, ба саломатии калонсолон зарар дорад, ба ҷони худ ҷабр кунем ва ба худкушӣ даст занем.
Зеро дар натиҷаи рӯзи дароз ташнаву гурусна будан масунияти бадани одам паст шуда, онро ба қабули ҳар гуна бемориҳои сироятӣ осебпазир мегардонад.
Аксари фақеҳони исломӣ муқаррар кардаанд, ки ба кишоварзон, чорводорон ва шахсони машғул бо дигар касбу корҳои пурмашаққат, ки гуруснагӣ ё ташнагии сахт ба саломатии онҳо зарар мерасонад, хӯрдани рӯза иҷозат аст.
Яъне шахсоне, ки осоиши ҷомеа аз касбу кори онҳо вобаста мебошад ва ба ибораи дигар, дар хизмати мардум ҳастанд, метавонанд дар асоси сабукиҳои зикршуда рӯзаи худро ба вақти дигар гузоранд.
Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар саҳро кор мекунанд ва ба истеҳсоли неъматҳои моддӣ машғуланд, даъват мекунам, ки ба хотири саломатии худ ва аҳли хонадон, ризқу рӯзии оилаашон ва мардуми кишвар, инчунин, таъмин кардани бозори истеъмолии мамлакат бо маводи ғизоӣ аз ин сабукӣ истифода карда, гирифтани рӯзаро ба вақти мусоиди дигар мавқуф гузоранд.
Чунин одамон набояд ба ризқу рӯзии аъзои оилаашон зомин шаванд ва саломативу ҳаёти онҳоро таҳти хатар гузоранд.
Зеро мо агар имрӯз кор накунем, дар тирамоҳу зимистони дарпешистода рӯзгори ҳар як оила ба сахтиҳои зиёд дучор мешавад, қаҳтиву қиматӣ ва наҳс ба вуҷуд меояд. Мову шумо набояд ба умеди дигарон шавем. Чунки имрӯзҳо ҳамаи кишварҳои олам дар фикри ҳалли мушкилоти худашон ҳастанд ва касе намедонад, ки ин ҳолат чӣ қадар идома меёбад ва дар пеш моро боз чӣ мушкилоти дигар интизоранд.
Дар ин моҳи муборак, пеш аз ҳама, тамоми хизматчиёни давлатӣ, вакилони мардумӣ, роҳбарони сохтору мақомот, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорону тоҷиронро зарур аст, ки бештар аз ҳама даст ба кори хайр зананд, зеро онҳо имкони беҳтари иҷрои амалҳои солеҳро доранд.
Бо дарназардошти ин, ки соли ҷорӣ яке аз вазнинтарин солҳо дар ҳаёти башарият, аз ҷумла мардуми мо дар оғози ҳазораи нав мебошад, ман дар ҷаласаи Ҳукумат тамоми роҳбарону масъулонро доир ба 40 фоиз зиёд кардани майдони кишти картошка, яъне нони дуюм ва то 60 фоиз афзоиш додани масоҳати кишти такрорӣ – ғалладонагиҳо, аз ҷумла ҷуворимакка, шолӣ, лӯбиёгиҳо ва зироатҳои дигар вазифадор намудам.
Дар шароити имрӯза мо бояд ба ҳар як оила ин масъаларо фаҳмонем, ки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои Президентӣ барои истеҳсоли маводи ғизоӣ истифода карда шаванд.
Мо бояд минбаъд низ аҳлона заҳмат кашем, ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат кунем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои корӣ таъсис диҳем ва корҳои ободониро тибқи нақшаи тасдиқгардида ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ беш аз пеш густаришу вусъат бахшем.
Дар хотима, бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони азизро бо фарорасии ин моҳи муборак табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии орому пурсаодат ва ба кишвари азизамон сулҳу субот, пешрафту ободӣ ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Моҳи шарифи Рамазон муборак, ҳамватанони азиз!
prezident.tj Хабар медиҳад.
Илова кунед.