Санаи 23 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» зери унвони «Парчами давлатӣ рамзи давлатдории мо» нишасти мизи мудаввар доир гардид, ки дар он директори Корхона Самадов Саъди Хайруллоевич, муовини директор Бобоев Фарҳод Рустамович ва кормандон иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур директори Корхона ҳама кормандонро ба муносибати ин иди муҳими давлатӣ табрик гуфта, иброз намуд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи садоқат ба Ватан ва давлатдории миллӣ буда, ҳамасола санаи 24 ноябр мардуми бонангу заҳматқарини Тоҷикистон ин идро бо ифтихор ҷашн мегиранд.
«Парчам дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзи давлати соҳибихтиёрӣ тоҷикон буда, мардуми сарбаланди кишвар бо эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ зери ливои давлати худ содиқона заҳмат кашида ба сӯи ояндаи неку осудаи Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо менигаранд.»
Зимни баромади худ директори Корхона аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ёдовар шуданд, ки «Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.
Муовини директор, қайд карданд, ки халқи сарбаланди тоҷик аз давраҳои қадим ба суннатҳои парчамдорӣ диққати махсус зоҳир намуда ба рамз ва арзишҳои миллӣ ва ойину суннатҳои давлатдорӣ арҷгузори мекарданд.
«Ҳар як сокини кишвар вазифадор аст, ки Парчами давлатиро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар саросари олам барои муаррифӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш, парчамбардори ватан бошад.»
Дар нишасти мизи мудаввар инчунин кормандони Корхона дар бораи таърихи парчамдории халқи тоҷик, Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва рамзҳои Парчами давлатӣ суханронӣ карданд.
Дар хотимаи чорабини аз тарафи иштироккунандагон дар якҷоягӣ ба хотири арҷгузори ба Парчами миллӣ Суруди миллӣ қироат гардид.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак ҳамватанони азиз!!!
Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»
Илова кунед