17 октябри соли 2025 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Рахмиддин Салом бо коршиносони институционалии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баргузор гардид.
Дар мулоқот директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушмад (Smart city)» — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод иштирок намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори шаҳрии аз ҷиҳати экологӣ устуворро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, лоиҳаҳо оид ба коркарди батареяҳо ва аккумуляторҳои истифодашуда, инчунин татбиқи муваффақонаи нақлиёти сабз дар пойтахт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати расонидани кӯмаки коршиносон ва техникӣ дар татбиқи ташаббусҳое, ки ба ташаккули «иқтисоди сабз» ва баланд бардоштани амнияти экологӣ дар шаҳр равона шудаанд, изҳор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкории минбаъдаро барои татбиқи муваффақонаи лоиҳаҳо изҳор намуданд.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte