19 январи соли 2024 мулоқоти директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо раиси бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел баргузор гардид.
Аз ҷониби директори корхона муаррифии лоиҳаҳои “ҳушманд” гузаронида шуд. Зикр гардид, ки соли 2023 маъмурияти шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо КВД “Шаҳри ҳушманд” бо дастгирии бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар доираи консепсияи Шаҳрҳои сабз “Нақшаи амалиети шаҳри сабз” – ро тасдиқ намуданд.
Дар доираи ин Консепсия ҷонибҳо нияти ҳамкориро дар татбиқи лоиҳаҳои “Равшании ҳушманд”, “Дугоникҳои рақамӣ” ва лоиҳаҳои соҳаи нақлиёт изҳор доштанд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн изҳор намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед