Лоиҳаи “GPS tracker”

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷоя бо КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” лоиҳаи системаи нақлиётии “GPS tracker” – ро амалӣ намуданд.

Барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои кори нақлиёти ҷамъиятӣ сенсорҳои сатҳи сӯзишворӣ, таҷҳизотҳои баҳисобгирии ҷараёни мусофирон дар 509 автобус ва 100 троллейбуси нақлиети ҷамъиятии шаҳри Душанбе насб карда шуданд. Инчунин 10 адад таблоҳои электронӣ бо маълумот дар бораи вақт (рафту омади нақлиёти ҷамъиятӣ) ва рақами хатсайри нақлиёти ҷамъиятӣ дар истгоҳҳои шаҳри Душанбе насб гардиданд.

Лоиҳа дар доираи қарори Раиси Шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар намудани идоракунии электронии нақлиёти мусофиркашонии истифодаи умум амалӣ карда мешавад.

Татбиқи лоиҳа амният ва инчунин сатҳи сифатан нави ҳамкории иштирокчиёни ҳаракатро таъмин менамояд.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар 6 соли охир корхонаҳои коммуналии шаҳр пурра бо автобусҳои замонавӣ ба миқдори 410 адад, ки аз ҷониби истеҳсолкунандаи ватанӣ пешниҳод шудаанд, муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top