Мулоқоти роҳбарияти КВД “Шаҳри Ҳушманд (Smart City)” бо намояндагони ҶДММ “Сифат Иннотех Инвест”
Санаи 18 сентябр роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» бо намояндагони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Сифат Иннотех Инвест» мулоқот гузаронид. Мулоқот дар доираи лоиҳаи «Digital Dushanbe» баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур 4 марҳилаи рақамисозии шаҳри Душанберо дар бар мегирад, ки марҳилаи аввали он, ҷорӣ намудани назорати электронии ҳуҷҷатҳо дар толори маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳри Душанбе аллакай оғоз гардидааст.
Дар оғози мулоқот директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» Самадов Саъдӣ ва Директори ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» Манижа Муҳаммад тарафҳоро бо самтҳои фаъолият шинос карданд.
Директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» Самадов Саъдӣ қайд карданд, ки замоне фаро расидааст, ширкатҳои ватанӣ системаҳои мураккаб ва зеҳнии идоракунии маълумотҳоро таҳия, татбиқ ва рақамӣ намоянд. Ҳамзамон қайд гардид, ки лоиҳаи рақамии Душанбе, ки татбиқи он оғоз ёфтааст, аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» дастгирӣ гардида, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои лоиҳа, дастгирии ҳамаҷонибаи худро мерасонад.
Директори ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» Манижа Муҳаммад дар бораи татбиқи лоиҳаи рақамии Душанбе маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, зикр намуданд, ки барои амали намудани лоиҳаи мазкур шарикон, сармоягузорон ва донорҳо ҷалб карда мешаванд. Дар назар аст, ки лоиҳа тадриҷан то соли 2024 татбиқ карда мешавад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои муштарак ва иқдомҳои минбаъда барои таъмини устувории лоиҳаҳо гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Илова кунед