Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея дар якҷоягӣ бо Корхонаи ваҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» санаи 24 октябри соли 2019 вохӯрӣ ва мулоқоти намояндагони Вазорату идораҳо ва корхонаҳои ватанӣ бо намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии мубодилаи сайёҳии «CAULA»- и Ҷумҳурии Корея (минбаъд Ассотсиятсия) дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарон ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе, КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон, Шаҳри бехатар, ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ҶДММ «Avesto Group» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкурро нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Фирдавс Ҳамро кушода эълон намуда миннатдории роҳбарияти шаҳри Душанберо ба намояндагони Ассотсиатсия ҷиҳати ташриф ва иштирок дар чорабинии мазкур баён намуда, қайд карданд, ки мулоқоти имрӯза барои ҳар ду ҷониб заминаи асосии ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни Ассотсиатсияи болозикр ва КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» мебошад.
Инчунин тазаккур дода шуд, ки КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 07.05. 2019, №276 таъсис ёфта минбаъд омода аст ҳамкориро бо Ассотсиатсия вобаста ба масъалаҳои шаҳрсозӣ, муҷаҳҳаз гардонидани шаҳр бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ бо сармоягузории Ассотсиатсия дар инфрасохтори шаҳри Душанбе ба роҳ монад.
Аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Корея, Президенти Ассотсиатсия хонум Франческа Ю. миннатдории самимонаи худ ва намояндагони ҳайатро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ва роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баён намуданд.
Ҳамзамон, хонум Франческа Ю. ёдовар шуданд, ки Ассотсиатсия яке аз ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ дар самтҳои соҳибкорӣ, рушди сайёҳӣ, истеҳсолот, бехатарӣ, бонкдорӣ, хама намуд хизматрасониҳо бо технологияҳои иттилоотӣ ва барномаҳои муосир, инчунин ташкил ва бунёди «Шаҳри ҳушманд» ба ҳисоб меравад, ки дар айни замон 600 ширкат ва корхонаҳо дар он шомил гардидаанд. Иттилоъ дода шуд, ки Ассотсиатсия дар навбати худ омодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Душанберо ба сатҳи шаҳрҳои муосир баробар намуда рушди сайёҳӣ, боркашонии (логистика) ва дигар самтҳои асосии шаҳрро бо ворид намудани технологияҳои замонавии Ҷумҳурии Корея дигаргун намояд.
Ҳамзамон, роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» вобаста ба самтҳои фаъолият ва лоиҳаҳои Корхона ба намояндагони ҷониби Ҷумҳурии Корея маълумоти муфассал пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки Корхона дар доираи салоҳиятҳои худ омода аст бо Ассотсиатсия ҳамкориро ба роҳ монад.
Дар умум чорабини барои ҳар ду ҷониб таърихӣ ва судманд арзёбӣ гардида минбаъд барои рушди соҳаҳои болозикр заминаи муҳим хоҳад гузошт.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади дар сатҳи дахлдор ба роҳ мондани ҳамкориҳо мақсад гузоштанд, ки дар фурсати муносиб Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкориро байни КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» ва Ассотсиатсия ба имзо расонидананд.
Илова кунед