3 марти соли 2026 дар IT Park шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор шуд, ки ба таҳкими экосистемаи стартапҳо ва рушди соҳибкорӣ равона гардида аст.. Чорабинӣ бо дастгирии сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи инноватсионӣ роҳандозӣ гардид.
Дар кори мизи мудаввар муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзода, директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Саъдӣ Самадзод, мудири иҷроия оид ба маблағгузорӣ ва рушди корхонаҳои хурду миёна дар Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Жужанна Харгитаи, роҳбари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел, менеҷери асосии AccessBank Tajikistan Мустафо Ҷонмамадов, директори IT Park Душанбе Тимур Хисамутдинов ва дигар намояндагони сохторҳои марбута иштирок намуда, рунамоҳои худро пешниҳод карданд.
Сараввал иштирокчиён аз намоишгоҳ дидан намуда, сипас роҳҳои дастгирии соҳибкорон, ташаббусҳои нав ва таҷрибаи барномаҳои амалишуда мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳадафи асосии мизи мудаввар таҳкими экосистемаи инноватсионии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди стартапҳо буда, ин чорабинӣ ҳамчун минбар барои мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкорӣ миёни давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи инноватсионӣ равона шудааст.












Переводы: Тоҷикӣ
Поделиться

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte