30 ноябри соли 2021 дар шаҳри Бохтар ҳаштумин конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конфронс муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Дмитрий Валерьевич Волвач, ҷонишини мудири шуъбаи алоқаҳои берунии иқтисодӣ ва байналхалқии шаҳри Москва Олег Владимирович Шутенко ва намояндагони идораву сохторҳои давлатии Точикистон ва Русия ҳузур доштанд.
Дар ҳошияи ин конфронс масоили фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни шаҳру вилоятҳои Русия ва Тоҷикистон, рақамисозии иқтисоди шаҳрӣ дар бахшҳо, аз қабили бахши нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкорӣ дар самти таҷдиди иқтисод ва таҳкими иқтидори инноватсионӣ, инчунин тадбирҳои татбиқи лоиҳаҳои мазкур зоҳир гардид.
Яке аз мавзӯъҳои муҳими баҳс ҳалли интеллектуалӣ барои муҳити шаҳрӣ, бунёди шаҳрҳои интеллектуалӣ ва минтақаҳои рақамӣ буд. Суханронон аз Русия ва намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) аз таҷрибаи худ мубодилаи афкор намуда, нияти ҳамкориҳои минбаъдаро дар бунёд ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар вилояти Хатлон иброз доштанд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед