Конференсияи SuperNova


Дар доираи “Ҳафтаи технологияҳои Фландрия 2026” дар шаҳри Антверпен, Шоҳигарии Белгия, конфиренсия баргузор гардид, ки дар он намояндагони Google Cloud, Dell Technologies, Projective Group, PMV ва дигар ширкатҳо ҳузур доштанд.

Конфиренсияи SuperNova яке аз фестивалҳои пешбари аврупоӣ дар самти технология, инноватсия, соҳибкорӣ ва эҷодкорӣ мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ бо маърӯзаҳо оид ба амнияти киберӣ, сармоягузорӣ ва технологияҳо, минтақаҳои нетворкинг ва сармоягузорон, ҳамчунин намоишгоҳи стартапҳо ва scale-ups якҷо платформаи мукаммалро барои мубодилаи дониш, ҷалби сармоя ва рушди навовариҳо ташкил медиҳанд.

Дар доираи конфиренсия сессияҳои амиқ оид ба технологияҳои нав баргузор шуда, имконият барои шиносоӣ бо зиёда аз 150 стартап ва ширкатҳои гуногуни технологӣ фароҳам гардид, ки соҳаҳоро дигаргун месозанд аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иқлимӣ то мобилӣ, идеяҳои нав, амнияти киберӣ ва трансформатсияи рақамӣ.

Конференсия шахсони ҳадафмандро аз бахшҳои гуногун ҷалб намуд. Роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд” низ дар чорабинии мазкур иштирок карда, бо директори (СЕО) Leen Anthuenis ва асосгузор SuperNova Jürgen Ingels мулоқоти корӣ анҷом додан.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top