Дар доираи Ҳафтаи технологияҳои Фландрия‑2026, вохӯрӣ дар маркази инноватсионии VokaBox баргузор гардид.
Маркази инноватсионии VokaBox яке аз майдонҳои муҳими гуфтугӯ ва муаррифии технологияҳои нав буда, дар он барномаҳои гуногун оид ба Data Tech ва зеҳни сунъӣ баргузор мешаванд. Ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии мутахассисон дар соҳаҳои калидии рақамӣ мебошад.
Дар вохӯрии мазкур гузоришҳо оид ба Data Tech ва зеҳни сунъӣ, шиносоӣ бо технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, презентатсияи ширкати Aikido Security ва баромади олими белгиягӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Гент (Ghent University) Софи Ван Хёке дар мавзӯи “Тадқиқотҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ” шунида шуданд.
Вохӯрӣ ба густариши маълумот ва ҳамкории мутахассисон дар бахши технологияҳои нав мусоидат намуд.





Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte