Ҷаласаи ҷамъбастӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи шаҳри Душанбе

19 августи соли 2025 таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷаласаи назоратӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт доир гардид.

Дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ва тартиби кори онро ба ҳозирин шинос намуд.

Ҳамзамон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастуру супоришҳо додаанд ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифода аз низомҳои рақами бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ.

Дар охир Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки барои паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва таъмини амнияту тартиботи ҷамъятӣ барои фароҳам овардани фазои орому осоишта тамоми имконияти мавҷударо сафарбар намоянд.

Инчунин, барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва байналмилалии дарпешистода тамоми имконоти мавҷударо истифода намоянд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top