Иштироки КВД «Шаҳри ҳушманд» дар рунамои БОР «Арзёбии миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»

26 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе рунамои Бонки Осиёии Рушд (БОР) «Арзёбии миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуда, оид ба фаъолият ва самтҳои фаъолияти корхона ҷиҳати муайян намудани самтҳои таваҷҷуҳ ва роҳҳои ҳамкорӣ бо маърӯза баромад намуданд.

Арзёбии миллӣ, ки аз ҷониби таҳлилгарони БОР гузаронида мешавад, чаҳорчӯбаи таҳлилӣ ва тавсияҳои стратегиро барои рушди ҳамгироии шаҳрҳо, ки ба қобилияти зиндагӣ нигаронида шудааст, пешкаш мекунад.

Дар хотима ҷонибҳо зарурати урбанизатсияи сабз, устувор ва фарогирро барои рушди иқтисодӣ қайд карданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top