30 апрели соли 2024 намояндагони КВД «Шаҳри Ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар чорабинии Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) – «Семинар оид ба паҳнкунии дониш», иштирок карданд.
Мавзӯи асосӣ барномаи Capacity Improvement and Advancement for Tomorrow (CIAT) буд, ки ин як барномаи ҳамкорӣ, ки дар он сиёсатмадорон, хизматчиёни давлатӣ ва коршиносони кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои омӯзиши техникӣ ва табодули дониш даъват карда мешаванд.
Дар ҷараёни семинар кормандони давлатӣ аз Вазорати кишоварзӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хадамоти давлатӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист таҷрибаи омузишии худро дар Кореяи Ҷанубӣ дар доираи барномаи KOICA «CIAT» гузориш манзур намуданд.
Дар хотима, намояндагони KOICA аз кормандони давлатӣ даъват ба амал оварданд, ки барои омӯзиш ва мубодилаи таҷриба дар доираи барномаи «CIAT» дархост пешниҳод намоянд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед