Ҳамватанони азиз!

Шуморо бо иди бузург — Рузи ғалаба табрик менамоем!

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Мо дар назди корнамоиҳои Қаҳрамонони ҷанги Бузурги Ватанӣ сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чи гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем.

Ба ҳама сулҳу салоҳ, тани сиҳат ва тамоми хушиҳои зиндагиро хоҳонем!

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top