Иштироки КВД “Шаҳри ҳушманд” дар Форуми байналмилалии Digital Tajikistan

25 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии Digital Tajikistan – International PLUS – Form бахшида ба ҳолати муосир ва масъалаҳои мубрами рақамикунонии тамоми соҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Форум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони маҳаллӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар Форум намояндагони сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, финтех-ширкатҳо ва стартапҳо, паркҳои IT, акселераторҳо, ширкатҳои венчурӣ, коршиносони пешбари ҷаҳонӣ дар соҳаи бонкӣ ва пардохт, ҷомеаи байналмилалии бонкӣ, аз ҷумла иштирокчиёни бозорҳои кишварҳои тамоми Осиёи Марказӣ иштирок карданд.

КВД “Шаҳри ҳушманд (smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, натиҷаҳои фаъолияти худро дар намоишгоҳ муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд” дар мавзӯи “Рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе тавассути дигаргунсозии рақамӣ” суханронӣ намуда, аҳамияти ҳамгироии технологияҳои рақамиро барои беҳтар намудани сифати зиндагии шаҳрвандон, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва устувории инфрасохтор таъкид намуданд. Ин махсусан дар шароити афзоиши босуръати шаҳрсозӣ ва мушкилоти марбут ба экология ва нақлиёт муҳим мебошад.

Форум ҳамчун майдони муоширати корӣ бо мақсади мубодилаи идеяҳо оид ба рушди рақамисозӣ дар минтақа хизмат хоҳад кард.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top