8 декабри соли 2023 Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» дар форуми « Рақамикунонӣ – ҳамчун пешбарандаи фаъолияти инноватсионӣ ва фарогирии молиявӣ», ки аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар Конфронс намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати иқтисод ва савдо, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва қарзӣ, ширкатҳои суғуртавӣ, операторони мобилӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Намояндаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» бо муаррифии лоиҳаи «Smart Pay» баромад кард.
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 июли соли 2023, №375 «Дар бораи Пардохти ҳушманд (Smart pay)», инчунин бо мақсади рушди иқтисодиёти рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи «Smart pay» аз ҷониби ташкилотҳои гуногуни давлатӣ дар фаъолияти кории худ истифода мешавад.
Қайд карда шуд, ки дар соли 2024 насби ин барнома дар боқимонда муассисаҳои давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки чунин соҳаҳоро ба монанди хоҷагии манзилию коммуналӣ, саноат, нақлиёт, фарҳанг, истироҳат ва фароғат, бехатарӣ ва ҳаракати нақлиёт дар роҳро дар бар мегиранд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед