КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони соҳаи нақлиётро бо иди касбиашон табрик гуфта, барояшон саломатӣ, барори кор ва хонаободӣ таманно менамояд.
Нақлиёт дар ҷомеаи муосир нақши калидӣ дошта, ба рушди иқтисодиёт ва инфрасохтори иҷтимоӣ таъсири назаррас мерасонад.
Бо дарназардошти он, ки нақлиёт ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти рӯзмарра аст, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо КВД «Шаҳри ҳушманд» лоиҳаи системаи нақлиётии «GPS tracker»-ро амалӣ намуд. Лоиҳа тамоми парки нақлиёти чамъиятии шахри Душанберо фаро гирифт.
Мо ба роҳбарият, ҳамкорон ва иштирокчиёни лоиҳаи мазкур барои дастгирӣ ва мусоидат дар татбиқи он изҳори сипос менамоем.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед