Форум дар мавзӯъи «Омодагии шаҳри Душанбе ба асри нави рақамӣ»

Санаи 4 феврали соли 2020 дар шаҳри Душанбе Форуми таърихӣ дар мавзӯъи «Омодагии шаҳри Душанбе ба асри нави рақамӣ» баргузор гардид. Форум аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Намояндагии доимии Бонки Ҷаҳони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.

Дар ифтитоҳи Форум муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷиди Юсуф, муовини Раиси шаҳри Душанбе – Саидзода Фирдавс Ҳамро ва Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ян-Петер Олтерс бо маърузаҳо баромад намуданд.

Ҳадафи асосии Форум аз арзёбии маҷмуии «Шаҳри ҳушманд», пурзурнамоии потенсиали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар банақшагирии шаҳрҳои ҳушманд, бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва пешниҳоди тавсияҳо дар сатҳҳои сиёсӣ ва техникӣ иборат мебошад.

Дар маърузаи худ Директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – Самадов Саъди Хайруллоевич иброз намуданд, ки чунин чорабини дар шаҳри Душанбе бори аввал баргузор гардида дар ин робита бо бовари метавон гуфт, ки он дар оянда майдони муҳими мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва ҳамкории якҷоя бо мақсади расонидани кӯмак дар табдил додани Душанбе ба шаҳри рақамӣ ва аз рӯи технологи рушдёфта мегардад.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки рушди технологияҳо ба ҳамгироии муносибатҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад. Шаҳри ҳушманд бо иттилоот идора гардида, идоракунии иттилоот ба хадамотҳои шаҳри имконият фароҳам меорад, ки сатҳу сифати зиндагии аҳолиро баланд бардорад.

Муҳим ба ёдоварист, ки дар чорабини зиёда аз 70 намояндагони кишварҳои хориҷӣ, мақомотҳои давлатӣ ва корхонаҳо иштирок доштанд.

Поделиться.

scroll to top