РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ АЗ КОРҲОИ БУНЁДИ “БОҒИ ИСТИҚЛОЛИЯТ” БО МАЙДОНИ МАҶМААИ МЕЪМОРИИ РАМЗИ “ИТСТИҚЛОЛИЯТ ВА ОЗОДӢ” ДИДАН КАРДАНД

29.01.2020 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои бунёдӣ дар сохтмони Боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ”-и пойтахт шинос шуданд.

Боғи мазкур муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт бунёд мегардад.

Дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат дода, дар он барои сокинону меҳмонони пойтахт тамоми шароит барои истироҳату фароғат фарҳам оварда мешавад.

Зимни боздид аз мавзеи бунёди иншооти ҷашнӣ, ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки то имрӯз тадбирҳои вобаста ба бунёди чоҳбонии маҷмаа ва бунёди мехсутунҳо анҷом шуда, барои бунёди маҷмааи меъморӣ омода гардидааст.

Бунёди боғи “Истиқлолият” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо майдони маҷмаи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аз ин лиҳоз дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20-уми январи доир гардид, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар масъулин бобати дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати аъло ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии Боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Масоҳати умумии Боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар пойтахт 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт (паси “Кохи Ваҳдат” меҳмонхонаи “Авесто” ва Донишгоҳи омӯзгорӣ) воқеъ мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдӣ дар иншооти мазкур, ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои вобаста ба бунёди он, аз ҷумла иншооти бартарафшавандаи атрофи маҷмаа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъулинро муваззаф намуданд, ки иҷрои корҳои сохтимониро дар вақти муқарраргардида таъмин намоянд.

Дар маҷмааи “Истиқлолият ва Озодӣ” майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад.

Майдони мазкур дар назди муҷассама ҷойгир шуда, барои роҳпаймоиву намоишҳои театришуда пешбинӣ шудааст.

Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии муҷассама 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлолият ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани истиқлолиятро ифода менамояд.

Дар ҳудуди боғ зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешсабз, буттаҳои тобистонсабз, барфбуттамеваи сафед, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намудани гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида мешаванд.

Боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Илова кунед

scroll to top