Фестивали байналмилалии дустии кудакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Дар меҳмонии Душанбе»

Санаи 22 сентябри соли 2021 дар толори «Қасри тенис»- и шаҳри Душанбе, Фестивали байналмилалии дустии кудакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Дар меҳмонии Душанбе» баргузор гардид.

Фестивали мазкур кудакону наврасонро аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин аз ВМКБ, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ба ҳам овард.

Дар Фестивал мутахассиси КВД «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Дилнозаи Комилзода ва барномасози корхонаи «Ватан ИКТ» Тураев Бобоҷон – барномаи «eDonish»-ро муаррифӣ намуданд. Иштирокчиён ин барномаи электрониро писанд дониста ва хоҳиш намуданд, ки дар муасисаҳои таҳсилотии тобеи марказ, вилояти Суғд, ВМКБ низ ин барнома татбиқ карда шавад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top