Вохурӣ бо роҳбари Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Сайид Соҳайл Ҳусейн Наквӣ.

Санаи 22 сентябри соли 2021 вохурии муовини Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Бобоев Фарҳод бо роҳбари Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Сайид Соҳайл Ҳусейн Наквӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохурӣ аз ҷониби муовини директори корхона самтҳои фаъолият ва лоиҳаҳои “ҳушманд” муаррифӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ҳамкории дуҷонибаро дар самти ташкили ИТ-ПАРК дар шаҳри Душанберо ба мақсад мувофиқ донистанд.

Роҳбари Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Сайид Соҳайл Ҳусейн Наквӣ барои таъсиси Парки технологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, омодагии худро барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд ва тарафҳо баҳри ташкили он самтҳои ҳамкориро муайян карданд.

Вохурӣ дар фазои созанда ва дустона баргузор гардид.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top