Ҷаласаи шӯрои илмии магистрантон.

Санаи 31–уми марти соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо даъвати шурои магистрон ҷаласа дар мавзуъи “Техналогияҳои рақами ҳамчун омили рушди иқтисоди рақамӣ” баргузор гардид. Дар ҷаласа КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва намояндагони шурои магистрон иштирок варзиданд.

Дар мавзӯи зикргардида магистрони курси 1-ум баромад намуда, оиди истилоҳи иқтисоди рақамӣ, паҳлуҳои он ва фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Истилоҳи “иқтисоди рақамӣ”-ро метавон ҳамчун “иқтисодиёте, ки дар он технологияи компютерии рақамӣ дар татбиқи фаъолияти иқтисодӣ истифода мешавад” (яъне сухан дар бораи иқтисодиёти технологияҳои рақамӣ меравад) фаҳмидан мумкин аст. Ин мафҳум бори аввал дар Ҷопон дар миёнаҳои солҳои 90 истифода шудааст ва соли 1995 асари Дон Тапскотт “Иқтисоди рақамӣ: ваъда ва хатар дар асри зиёиёни шабакавӣ” ба табъ расид, ки яке аз аввалинҳоест, ки чи гуна Интернет метавонад тиҷоратро табдил диҳад.

Дар ҷараёни конфронс аз тарафи намояндагони КВД “Шаҳри ҳушманд” оид ба самтҳои фаъолияти Корхона, аз он ҷумла: татбиқи “Лоиҳаҳои ҳушманд” дар соҳаҳои коркарди партовҳои сахти маишӣ, тандурустӣ, маориф, ҳукумати электронӣ, “Шаҳри сабз” ва Парки инноватсионӣ (IT-Park), таваққувгоҳҳои муосири пулакӣ, ҷорӣ намудани барномаи е-Donish, Тибби осон ва ғайра, маълумот манзур карданд.

Дар хотимаи мулоқот, намояндагони ДДМИТ бобати лоиҳаҳои ҳушманд суҳбат намуда ва пешниҳодҳои худро дар самти иқтисодиёти рақамӣ, дар самти пешрафти лоиҳаҳои “Шаҳри ҳушманд” ва барои дар оянда ташкил намудани чунин конфронсҳо ва дастгири намудани дониҷӯён дар оянда, иброз намуданд.

Ҷонибони КВД омодагии худро барои ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи пешниҳодҳои зикргардида изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top