Санаи 9 апрели соли 2021 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Раиси Палата Ҷурахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Самадзод Саъди Хайрулло баргузор гардид.
Ҷонибҳо оиди «Нақшаи кории Шӯрои кории Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2021» ва баргузории Конфронси байналмилалӣ «Ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни шаҳрҳо ва пойтахтҳои кишварҳои СҲШ», дурнамои барономаҳо дар соҳаи тиҷорат дар доираи барономаи иқтисоди рақамӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» ибрози назар намуданд.
Инчунин, барои гузаронидани Форуми байналмилалӣ таҷрибаи пешқадами рақамисозии «Шаҳри ҳушманд» дар фазои кишварҳои аъзои СҲШ таклиф пешниҳод намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед