Душанбе, 3 ноябри соли 2021: Ҷаласаи гурӯҳи корӣ бомақсади муҳокимаи натиҷаи ҳисоботи гурӯҳи машваратчиёни Бонк, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” баргузор гардид.
Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2019 вобаста ба татбиқи амалии барномаи “Шаҳри сабз”аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 ноябри соли 2021 соати 10:00 дар меҳмонхонаи “Хилтон” бо мақсади муҳокимаи натиҷаи ҳисоботи гурӯҳи машваратчиёни Бонк, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” омода гардидааст, ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи коршиносон бо иштироки намояндагон аз сохторҳои дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо коршиносон аз Бонки Аврупоӣ Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва гурӯҳи мушовирони Бонк аз хориҷи кишвар (AECOM бо Urban logic ва ARPA Consulting) баргузор гардид. Дар ин дидор коршиносони байналмиллалии БАТР ва як гурӯҳи мушовирон ба иштирокчиён дар бораи раванди кунунии барномаи “Шаҳри сабз” дар Душанбе маълумот дода, бо онҳо масъалаҳои афзалиятноки муҳити зист (ПЭП) аз дидгоҳи барномаи мазкур барои Душанбе мувофиқа карданд. Натиҷаи ин вохӯрӣ аз он иборат буд, ки чорабиниҳои барномаи мазкур инъикосгари ниёзҳо ва ҳадафҳои аслии мақомоти шаҳр ва сокинони шаҳри Душанбе дар робита ба рушди устувори шаҳр мебошад.
Ҷаласа ва машваратҳои гурӯҳӣ
Душанбе, 3 ноябри соли 2021: Мубоҳисаҳои гурӯҳҳои ба муайян намудани доираи амалҳо ва мушаххас кардани меъёрҳои Барномаи амалии «Шаҳри сабз» (GAP) барои шаҳри Душанбе мусоидат мекунанд.
Рӯзи чоршанбе, 3 ноябри соли 2021, дар меҳмонхонаи “Хилтон” мувофиқи Барномаи амалии “Шаҳри сабз” (GAP) дар шаҳри Душанбе ҷаласа ва машваратҳои гурӯҳӣ баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Бонки аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва як гурӯҳи мушовирон (AECOM бо Urban logic ва ARPA Consulting) бо ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ се гурӯҳи фокусии мувозӣ ташкил карданд. Ҳар як гурӯҳ ба бахшҳо ва мавзӯъҳои гуногун, аз қабили об, нақлиёт, биноҳо ва энергетика тамаркуз карданд. Гурӯҳи мушовирон ба иштирокчиён рӯйхати пешакии амалҳои имконпазирро барои Барномаи амали“Шаҳри сабз” и пешниҳод намуда, фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои онҳоро оид ба дигар тадбирҳо ҷамъоварӣ намуданд. Илова бар ин, дастаи мушовирон дар ҳамкорӣ бо иштирокчиён меъёрҳоеро тасдиқ намуданд, ки бояд барои афзалият додани Барнома бо мақсади тартиб додани рӯйхати мухтасар ва дохил кардани он ба гузориши ниҳоии Барномаи амалии “Шаҳри сабз” барои шаҳри Душанбе истифода шаванд.
Тренинг оид ба баланд бардоштани иқтидор
Душанбе, 4 ноябри соли 2021: Ҷаласаи аввалини баланд бардоштани иқтидор дар доираи чорабиниҳои Нақшаи амалии Барномаи «Шаҳри сабз» барои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар доираи таҳияи Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабз» (GAP) дар Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (SAG) дар якҷоягӣ бо БАТР ва як гурӯҳи мушовирон (AECOM with Urban logic ва ARPA Consulting) тренинги аввалини баланд бардоштани иқтидорро доир намуданд. Санаи 4 ноябри соли 2021 соати 10:00 дар меҳмонхонаи “Хилтон”, тренинги омӯзишӣ таҳти унвони “Устуворӣ ва самаранокии барқ дар биноҳо” барои шаҳри Душанбе” баргузор гардид.
Мавзӯи тренинги омӯзишӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе интихоб гардида буд. Тренинг ба иштирокчиён шарҳи таҷрибаҳои беҳтарин дар соҳаи биноҳои каммасраф, аз ҷумла намунаҳои барномаҳои бомуваффақияти бозсозӣ ва инчунин муқаддимаи кӯтоҳ бо идоракунии устувори партовҳои сохтмониро пешниҳод намуд. Ин тренинг ба масъулини шаҳрдорӣ имкон дод, ки аҳамияти амалисозии амалҳои мувофиқро дарк намуд, ки дар Барномаи амалии“Шаҳри сабз” барои шаҳри Душанбе инъикос хоҳанд ёфт.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед