МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА СОКИНОНИ ПОЙТАХТ

Аз ҳамаи сокинони пойтахт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои сарди зимистон (10-14 январи соли 2023) бидуни зарурат ба сафар набароянд, аз гаштугузори бемаврид худдорӣ намоянд, нақлиёти шахсии худро истифода набурда, аз нақлиёти мусофиркашии ҷамъиятӣ самаранок истифода баранд.

Ҳамчунин дар истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор буда, фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Дар ҳолати риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ, худ ва наздиконатро аз хавфу хатар эмин нигоҳ хоҳед дошт.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top