Вохурӣ бо ҳайати намояндагони шаҳрдории шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон.

1-уми марти соли 2022 дар дафтари кории КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини директор Бобоев Фарҳод ва гуруҳи кории шаҳрдории шаҳри Машҳад баргузор гардид.

Фарҳод Бобоев меҳмононро хайрамақдам гуфта, омодагии худро барои муколамаи созанда изҳор намуда, дар бораи лоиҳаҳои “ҳушманд” дар соҳаҳои мухталифи шаҳр: маориф, тандурустӣ, нақлиёт, таъсиси парки технологӣ ибрози назар намуданд.

Раиси комиссияи иқтисодӣ ва сармоягузории Шурои исломии шаҳри Машҳад Маҷид Дабириён барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, ҳайати гуруҳи кориро муаррифӣ намуданд ва кайд карданд, ки лоиҳаҳои муаррифӣ гардидаи Корхона барои ҳамкориҳои ҳамшарикии минбаъда қобили қабул мебошанд.

Сипас Ориф Абосӣ раиси маркази фановарӣ ва иттилоотии шаҳри Машҳад лоиҳаҳои руи кор омадаро дар шаҳри Машҳад оиди харитаи моҳворавӣ, манораҳои мухобиротӣ, GPS-мониторинги нақлиётӣ, паркҳои технологӣ маълумот доданд.

Намояндагони ҷонибҳо ба саволҳои ҳамдигар ҷавобҳои саҳеҳ доданд ва омодагии худро барои ҳамкориҳои оянда иброз намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top