Санаи 01 апрели соли 2022 ҷаласаи Шӯрои технологияи иттилоотию комуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти кори ҷаласаи Шӯро аз ҷониби директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод барномаи электронии «еDonish » муаррифӣ карда шуд, ва аз ҷониби аъзоёни Шӯро хуб пазируфта шуд. Пешниҳод гардид, ки КВД «Шаҳри ҳушманд» -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба узвияти Шурои ТИК-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон қабул карда шавад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед