Вохӯрӣ бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

2 феврали соли 2022 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии директори Корхона Саъдӣ Самадзод бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ: сармутахассиси рушди рақамӣ Чарлз Харпи, мутахассиси рушди рақамӣ Анелия Мюллер ва ассистенти лоиҳа Идибек Раҳимов доир гардид.

Мавзӯи асосии вохӯрӣ лоиҳаи Маркази коркарди маълумот (ЦОД). Қайд карда шуд, ки ҳоло зарурати барои муддати тӯлонӣ нигоҳ доштани эътимоднокӣ ва амнияти иттилоот ба миён омадааст.

Дар доираи вохӯрӣ аз бинои КВД «Шаҳри ҳушманд», ки сохта шуда истодааст, боздид карда шуд, ки дар он ҷо таъсиси аввалин Маркази сертификатсияшудаи коркарди маълумот ва Маркази ҳамоҳангсозӣ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top